Душанбе, 18 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Варзишгари тоҷик Шаҳром Маҳмуродов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ки дар шаҳри Бангкок баргузор шуд, ба дастоварди бузург ноил гардид. Дар ин мусобиқа беш аз 1 400 варзишгар аз 54 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Чемпионати ҷаҳон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини варзишии сол ба ҳисоб рафта, дар он беҳтарин варзишгарони ҷавони ҷиу-ҷитсу аз тамоми минтақаҳо ширкат карданд. Ҳар як рақобат пур аз шиддат, стратегия ва устодии техникӣ буд.
Шаҳром Маҳмуродов дар вазни то 62 кг ҳашт муҳорибаи пуртанишро паси сар намуда, тавонист медали тиллоро ба даст орад ва бори чорум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон ноил шавад.
Ин дастовард махсусан аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ӯ аввалин варзишгари Тоҷикистон мебошад, ки дар навъи Ne Waza ба чунин натиҷаи баланд расидааст.
Комёбии Шаҳром Маҳмуродов барои рушди намуди ҷиу-ҷитсу ва дигар намудҳои қувваозмоӣ дар Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Ин муваффақият ҷавононро илҳом мебахшад ва собит месозад, ки варзишгарони тоҷик метавонанд дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобати ҳақиқӣ нишон диҳанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
