Душанбе, 20 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Русия марҳила ба марҳила низоми автоматии назорати қонуниятии шуғли шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ мешавад, ки унсури асосии он назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳад буд. Тибқи қарори Ҳукумати Федератсияи Русия, маълумот дар бораи маоши муҳоҷирон аз Хадамоти федералии андоз (ФНА) ба Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар реҷаи худкор интиқол дода мешавад.

Манбаи асосии иттилоот ҳисоботҳои корфармоён оид ба пардохти ҳаққи суғуртавӣ хоҳанд буд. Ин имкон медиҳад, ки мақомоти давлатӣ маълумоти дақиқ ва мунтазам дар бораи шуғли воқеии шаҳрвандони хориҷӣ дар ихтиёр дошта бошанд. Дар санад таъкид шудааст, ки ҳадафи асосии тадбир мубориза бо шуғли сохта (фиктивӣ) мебошад, ки аксар вақт барои қонунӣ нишон додани будубоши муҳоҷирон бе фаъолияти ҳақиқии меҳнатӣ истифода мегардад.
Ҳамоҳангсозии татбиқи ин иқдом ба уҳдаи Вазорати молия, ФНА, ВКД ва Вазорати корҳои хориҷии Русия, бо иштироки Ҳукумати шаҳри Москва вогузор шудааст. Мӯҳлати иҷрои супориш то 1 декабри соли 2026 муайян гардида, ки аз хусусияти низомӣ ва дарозмуддати ислоҳот дарак медиҳад.
Ҳамзамон, мақомот ният доранд механизми мубодилаи иттилоот байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳоро такмил диҳанд. Ин тадбир бояд вақти санҷишҳоро вобаста ба қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ коҳиш дода, самаранокии таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятиро дар ин самт баланд бардорад. Ба андешаи ташаббускорон, рақамикунонии равандҳо назорати доимии таҳлилӣро ба ҷойи санҷишҳои мавсимӣ таъмин хоҳад кард.
Ин чораҳо идомаи сиёсати қаблан эълоншуда оид ба шадидтар кардани тартиби гузаштани муоинаи тиббии муҳоҷирон ба шумор мераванд. Аз ҷумла, ҳаҷми ҷарима барои саркашӣ аз муоинаи тиббӣ ба маротиб афзоиш ёфта, судҳо ваколатдор мешаванд, ки дар ҳолати зарурӣ қарори ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро қабул намоянд.
Дар маҷмӯъ, ҷорӣ кардани назорати автоматии даромадҳо дар якҷоягӣ бо тақвияти назорати тиббӣ модели нави идоракунии муҳоҷиратро дар Русия ташаккул медиҳад — модели сахтгирона, вале ҳамзамон шаффоф ва идорашаванда. Мақомот умедворанд, ки ин иқдом ба риояи беҳтари қонунгузории муҳоҷиратӣ, коҳиши шуғли ғайрирасмӣ ва болоравии масъулияти ҳам корфармоён ва ҳам муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард.
АКС: https://pikabu.ru/
