Шахматбози чавон аз Точикистон Богдан Восколович голиби мусобикаи байналмилалии Issyk-Kul Open – 2025
Душанбе, 02 июл, – АИ «Караван инфо». Намояндаи Точикистон, хонандаи синфи 8-и литсейи №3 Барои кудакони болаёкати шахри Душанбе Богдан Восколович дар мусобикаи байналмилалии шохмот Issyk-Kul Open – 2025 медали тилло ба даст овард.

Мусобика аз 20 то 30 июн дар Киргизистон баргузор шуд ва шохмотбозони чавонро аз 7 кишвари чахон чамъ овард. Богдан бо бовари дар гурухи С чои аввалро гирифт, ки дар он бозингарони чавони то 14-сола ракобат менамуданд.
Дар давоми 9 бозии расми Богдан 7,5 хол ба даст оварда, сатхи баланди тафаккури стратеги ва махорати зехниро нишон дод. Галабаи у барои чомеаи шохмотбозии Точикистон як руйдоди мухим ва илхом барои варзишгарони чавони кишвар гардид.
АКСХО: аз манбаъхои кушода