Москва, 29 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Аз 1 октябри соли 2025 шахрвандони Молдова, ки каблан коидахои мухочирати Русияро вайрон намуда буданд ва кишварро тарк намуда буданд, имконият пайдо мекунанд, ки вазъи худро конуни кунанд.
Фармони дахлдорро президент Владимир Путин имзо намуд. Хуччат аллакай дар портали расмии хукуки нашр шудааст.

Тибки фармон, то 1 январи соли 2026 шахрвандони Молдова метавонанд дубора ба Русия ворид шаванд ва макоми хукукии худро хал кунанд.
Гайр аз ин, то 1 октябри соли 2026 ба онхо ичозат дода шудааст, ки бидуни патент кор кунанд, ба шарте, ки аз ташхиси тибби ва тартиби муайянкуни дар ВКД ФР гузаранд.
Карори Кремл, ба гуфтаи коршиносон, хам бо мулохизахои башардустона ва хам бо талаботи афзояндаи бозори мехнат алокаманд аст.
Ёдовар мешавем, ки каблан диаспораи молдова дар Русия аз макомот хохиш намуда буд, ки шароити будубошро содда кунанд ва дастраси ба овоздихиро дар интихоботи ояндаи парлумони васеъ кунанд.
Коллаж: MD.KP. MEDIA