Шамшербозони навраси тоҷик нахустин маротиба дар Ҷоми Осиё соҳиби медали биринҷӣ шуданд – ИА Караван Инфо
Шамшербозони навраси тоҷик нахустин маротиба дар Ҷоми Осиё соҳиби медали биринҷӣ шуданд

Душанбе, 13 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шамшербозӣ бори аввал дар таърихи истиқлолият дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медал гардид. Варзишгардухтарони наврас дар сабқати даставӣ оид ба рапира дар Ҷоми Осиё миёни кадетон, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.

Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон изҳор дошт, ки «ин нахустин медали сатҳи чунин баланд дар давраи истиқлолият буда, қадами муҳим дар рушду такомули ин навъи варзиш дар кишвар мебошад».

Дар ҳайати даста Саъдия Муродова, Сумая Муродова ва Аниса Насимова иштирок карданд. Омодасозии онҳо таҳти роҳбарии мураббиёни пуртаҷриба Гулбахор Самиева ва Рустам Насимов сурат гирифт. Дастгирии заруриро низ Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати ҶТ таъмин намуданд.

Ба гуфтаи масъулони Федератсия, ин медали биринҷӣ на танҳо дастоварди шахсии варзишгардухтарон ва мураббиёни онҳо, балки рӯйдоди дорои аҳамияти миллӣ аст. Ин натиҷа нишон дод, ки шамшербозии тоҷикӣ ба сатҳи нав мебарояд ва насли ҷавон қодир аст бо мактабҳои пешсафи Осиё рақобат кунад.

Ҷоми Осиё миёни кадетон аз 9 то 13 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар он дастаҳои қавитарини наврасони қора дар се навъи мусобиқа — рапира, шамшер ва шпага — қувваозмоӣ мекунанд.

Дар сабқати даставии занона оид ба рапира:

  • медали тилло насиби дастаи Ӯзбекистон гардид,
  • нуқраро тими Қазоқистон ба даст овард,
  • медалҳои биринҷиро дастаҳои Макао ва Тоҷикистон тақсим карданд.

АКС аз манбаъҳои боз

error: