Душанбе, 7 май, – АИ “Караван Инфо”. Дар арафаи 80-солагии Галаба дар чанги дуюми чахони собикадорони Чанги Бузурги Ватани дар Точикистон аз давлат кумаки якдафъаина мегиранд. Тибки иттилои шурои собикадорони чумхури, ба хар як иштирокчии чанг аз фонди захиравии президенти мамлакат 50 хазор сомони (такрибан 4810 доллар) супорида мешавад.

Ба нишони эхтиром ва сипосгузори барои корнамоии онхо раиси шахри Душанбе Рустам Эмомали низ карори пардохти иловагиро имзо намуд: ба хар собикадори дар пойтахт зиндагикунанда 25 хазор сомони (такрибан 2405 доллар).
То мохи майи соли 2025 дар Точикистон хамаги 17 собикадори ЧБВ боки мондаанд. Як сол пеш 24 нафар буданд. Чои истикомати онхо:
– Вилояти хатлон – 8 нафар
– Вилояти сугд-2
– Душанбе — 2
– Нохияхои тобеи чумхурияви-5
Дар давоми чанги дуюми чахони такрибан 300 хазор сарбоз аз Точикистон — такрибан 20% ахолии онвакта ба чабха фиристода шуданд. Беш аз 100 хазор нафари онхо кушта ё гум шудаанд. Ба хотири кахрамони ва фидокории чанговарони точик 65 нафар ба Унвони Кахрамони Иттиходи Шурави сазовор гардиданд: 55 зодаи ЧШС Точикистон, 5 точик аз руи миллат аз дигар чумхурихо, 5 пас аз чанг хаёти худро бо Точикистон алокаманд намуданд.
Ин пардохтхо на танхо дастгирии модди, балки як ишораи амики эхтиром ба онхое мебошанд, ки озоди ва ояндаи кишварро химоя намудаанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода