Душанбе, 18 июн, АИ «Караван инфо». Санаи16 июни соли 2025 Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон барои иштирок дар саммити сарони давлатхои формати «Осиёи Маркази — Чин» ба шахри Остонаи Чумхурии Казокистон сафар кард.

Ба хайати расмии Точикистон намояндагони баландпояи блоки сиёсати хоричи ва иктисоди, аз чумла Вазири корхои хоричи, ёрдамчии Президент оид ба корхои байналмилали, Вазирони рушди иктисод ва савдо, наклиёт, саноат ва технологияхои нав, инчунин раиси кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати шомил шуданд. Ин ахамияти стратегии ин сафарро хам дар заминаи сиёси ва хам иктисоди таъкид мекунад.
Формати «Осиёи Маркази – Чин» яке аз механизмхои калидии хамкории минтакави мебошад, ки дар доираи он масъалахои мухимтарини рушди устувор, хамгироии иктисоди, робитаи инфрасохтори ва таъмини амнияти минтакави барраси намуда мешаванд. Иштироки Точикистон дар ин хамоиш мавкеи фаъоли сиёсати хоричии он ва талош барои густариши муколамаи созанда дар фазои авруосиёро тасдик мекунад.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Чумхурии Точикистон