Душанбе, 02 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Тибқи нақша-чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) аъзоёни фаъоли Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо сафари омӯзишӣ ва шиносоӣ аз пойгоҳҳои илмии Академия шинос шуданд. Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дониши илмӣ, аз худ намудани техника ва технологияҳои муосир, ривоҷ додани фаъолияти мустақилонаи эҷодӣ ва ҳамсуҳбат гардидан бо олимону муҳаққиқон муайян карда шуд.

Дар ҷараёни сафари омӯзишӣ 16-нафар аъзои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати АМИТ Салимов Аҳмадҷон ва омӯзгорони МТМУ №8-и ба номи Б. Собирови шаҳри Душанбе аз пойгоҳҳои илмии АМИТ дидан намуданд.
Дар ин сафар онҳо бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ шинос шуда, бо методҳо ва таҷрибаҳои таҷрибавии олимон дар самти рушди биологияи растаниҳо, таҳлили физиологӣ ва таҷрибаҳои генетикӣ омӯзиш карданд.
Ҳамзамон, аъзои хурди илмӣ аз Институти кимиё ба номи В.И. Никитин боздид намуда, бо техникаи лабораторӣ, таҷрибаҳои амалӣ дар соҳаи кимиё ва истифодаи технологияи нави таҳлилии моддаҳо ошно шуданд. Инчунин муҳаққиқони шинохтаи ин институтҳо ба ҷавонон имконият доданд, ки бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, саволҳои илмӣ ва амалӣ пешкаш намоянд ва фикру мулоҳизаҳои худро оид ба тадқиқот ва инноватсияҳо иброз намоянд.

Тайи ин сафари омӯзишӣ, аъзои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки бо муҳити воқеии кор ва тадқиқоти илмӣ шинос шаванд, малакаҳои амалӣ ва назариявии худро такмил диҳанд, ҳамзамон робита ва ҳамкории байни мактаб ва пойгоҳҳои илмиро тақвият бахшанд.
Омӯзиши таҷрибаҳои муосири илмӣ ва ҳамкории мустақилонаи эҷодӣ барои рушди интеллектуалӣ ва таваҷҷӯҳи хонандагон ба илм аҳамияти махсус дошт.
Мутахассисони институтҳо ва роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими заминаи илмӣ, рушди малакаҳои тадқиқотӣ ва ташаккули насли нави олимони ҷавон аҳамияти калон доранд ва барои рушди минбаъдаи илм ва технология дар кишвар мусоидат мекунанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
