Шоҳзода Эдвард ВКХ-и Осиёи Марказиро ба Лондон даъват намуд – ИА Караван Инфо
Шоҳзода Эдвард ВКХ-и Осиёи Марказиро ба Лондон даъват намуд

Лондон, 27 феврали соли 2026 АИ «Караван Инфо». Шоҳзода Эдвард, герсоги Эдинбург, узви оилаи шоҳии Бритониё, бо вазирони корҳои хориҷии Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Лондон мулоқоти расмӣ баргузор намуд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории минтақаро бо Бритониё дар соҳаҳои маориф, илм ва технология баррасӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев қайд намуд, ки сафари CA5+UK дар Шарикии Осиёи Марказӣ ва Бритониё саҳифаи нав мекушояд. Вай ба кори табдил додани Қазоқистон ба маркази байналмилалии таълимӣ ва шарикии фаъол бо донишгоҳҳои Бритониёи Cardiff University, Coventry University ва De Montfort University, ки дар Қазоқистон кампусҳои худро кушодаанд, таъкид намуд.

Қазоқистон ба густариши дастрасӣ ба стипендияҳо, грантҳо ва ташаббусҳои таълимии Бритониё, инчунин таъсиси марказҳои муштараки тадқиқотӣ дар соҳаҳои рушди устувор, рӯзномаи иқлим, технологияҳои рақамӣ ва тиб изҳори манфиатдорӣ намуд.

Ба рушди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таърих, санъат ва сайёҳӣ, содда намудани расмиёти раводид барои донишҷӯён, муҳаққиқон ва соҳибкорон, васеъ намудани алоқаи мустақими ҳавоӣ ва ташаккули хатсайрҳои нави сайёҳӣ диққати махсус дода шуд.

Шоҳзода Эдвард аҳамияти таҳкими “people-to-people ties” – ро ҳамчун асоси шарикии дарозмуддат таъкид намуд. Вай қайд намуд, ки Бритониё кушодашавӣ ва фаъолияти Қазоқистонро дар рушди ҳамкорӣ хеле қадр мекунад.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ

error: