МОСКВА, 2 феврали соли 2026 – Хабаргузории Karavan Info. Сафири Толибон дар Русия Гул Ҳасан ба хабаргузории русии ТАСС гуфт, ки ба зудӣ шумораи парвозҳои мустақим байни Афғонистон ва Русия афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, илова бар парвозҳои ҳафтаинаи ширкати Ariana, ширкати ҳавопаймоии Kam Air ба зудӣ парвозҳои мустақимро ба Маскав низ оғоз хоҳад кард.
Гул Ҳасан ба хабаргузории ТАСС гуфт:
"Ширкати ҳавопаймоии Ariana Airlines дар тӯли чор соли охир як парвози ҳафтаина байни Кобул ва Маскавро анҷом медиҳад. Корҳо барои оғози парвозҳои мустақим байни Кобул ва Маскав бо ширкати Kam Air дар ояндаи наздик идома доранд."
Ӯ инчунин афзуд, ки барои афзоиши сафарҳои мутақобила байни шаҳрвандони ҳарду кишвар талошҳо анҷом дода мешаванд, ки ба гуфтаи ӯ, боиси афзоиши минбаъдаи шумораи парвозҳо хоҳад шуд.
Акс: Салом Ватандар
