SIM-кортҳоро дар Қазоқистон бе биометрия дигар фаъол намекунанд
Остона, 7 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон аз 3-юми январ барои фаъол намудани SIM-кортҳо муайянкунии биометрикии ҳатмӣ ҷорӣ намуда шуд. Бе ин рақами телефон кор намекунад.

“Ин барои он зарур аст, ки рақам ба шаҳрванди мушаххас тааллуқ дошта бошад ва дар схемаҳои қаллобӣ истифода нашавад”, – шарҳ дод Муовини аввали Вазири рушди рақамӣ Ростислав Коняшкин.
Ҳатто ҳангоми харидани корт аз мағоза, шумо бояд биометрияро тавассути барномаи мобилии оператор фаъол созед. Инчунин, маҳдудияти на бештар аз 10 SIM – корт барои як нафар нигоҳ дошта мешавад.
Аксҳо: freepik / prostooleh
