Душанбе, 30 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазир Ҷамолиддин Абдуллозода натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустиро дар соли 2025 муаррифӣ намуд.

Тибқи иттилои вазир, соли 2025 бо ҷалби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар кишвар 113 муассисаи тандурустӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамзамон сохтмони 83 муассисаи дигар идома дорад.
Илова бар ин, дар давоми сол 301 муассисаи тандурустӣ таъмир гардида, дар 59 муассиса корҳои таъмири асосӣ ҷараён доранд.
Соли 2025 шумораи умумии катҳо дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ 50 448 адад-ро ташкил дод, ки аз ин шумора 42 589 кат ба муассисаҳои давлатӣ рост меояд.
Ҳамчунин бо ҷалби муассисаҳои тиббии хусусӣ 382 кат иловатан ба низоми хизматрасонии тиббӣ ворид карда шуданд.
Дар соли ҳисоботӣ дар Тоҷикистон 330 амалиёти трансплантатсияи узвҳо гузаронида шуд (соли 2024 — 295). Аз ин шумора: 222 амалиёт — трансплантатсияи гурда, 108 амалиёт — трансплантатсияи ҷигар мебошанд. Дар байни беморон 99 нафар кӯдакон ва 95 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд.
Дар маҷмӯъ, дар муассисаҳои статсионарии кишвар 203 563 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 10 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди амалиётҳои каминвазивӣ ба 28 624 расида, нисбат ба соли гузашта 18,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки барои муайян намудани вируси Нипах ба Тоҷикистон тест-системаҳо аз Федератсияи Россия ворид карда мешаванд.
Дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ дастгоҳҳои дурдасти гармсанҷӣ (тепловизор) насб гардидаанд, ки тавассути онҳо мусофирон аз кишварҳои дорои хавфи баланди эпидемиологӣ, аз ҷумла Ҳиндустон, назорат карда мешаванд.
Дар Вазорати тандурустӣ таъкид карданд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ташхисиву ҷарроҳӣ, аз ҷумла усулҳои каминвазивӣ, имконият медиҳад дастрасии аҳолӣ ба кӯмаки мураккаби тиббӣ васеъ гардида, сифати хизматрасонии тиббӣ пайваста баланд бардошта шавад.
АКС: Азия Плюс
