«Скала–2026»: Тоҷикистон майдони баргузории машқҳои байналмилалии наҷотбахшӣ мегардад – ИА Караван Инфо
«Скала–2026»: Тоҷикистон майдони баргузории машқҳои байналмилалии наҷотбахшӣ мегардад

Душанбе, 02 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои байналмилалии наҷотбахшӣ таҳти унвони «Скала–2026», ки ба рафъи паёмадҳои заминларзаи харобиовар бахшида шудаанд, баргузор мегарданд. Омодагӣ ба ин чорабинии густурда оғоз ёфта, 26 феврал нахустин ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ дар шакли онлайн баргузор шуд.

Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои соҳавии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.

Машқҳо аз 13 то 15 октябри соли 2026 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Мавзӯи асосӣ — «рафъи ҳолатҳои фавқулода ҳангоми заминларзаи харобиовар» мебошад.

Тавре дар Кумита таъкид мекунанд, чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки дар шароити ба воқеият наздик тартиби ҳамкории воҳидҳои наҷотбахшӣ санҷида шуда, сатҳи омодагии ҳайати шахсӣ ва техника баҳогузорӣ гардад. Ҳамзамон, механизмҳои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ такмил дода мешаванд.

Формати баргузории машқҳо аҳамияти минтақавии мавзуъро инъикос менамояд. Осиёи Марказӣ ба минтақаҳои дорои фаъолнокии баланди сейсмикӣ шомил буда, хавфи офатҳои табиӣ тақозо менамояд, ки сатҳи омодагии хадамоти марбут мунтазам боло бурда шавад.

«Скала–2026» ба таҳкими ҳамоҳангии амалҳои воҳидҳои наҷотбахши кишварҳои иштирокчӣ, баланд бардоштани суръати вокуниш ва мубодилаи таҷрибаи амалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мусоидат хоҳад кард.

Коршиносон бар он назаранд, ки чунин машқҳои байналмилалӣ на танҳо малакаи касбии наҷотбахшонро такмил медиҳанд, балки заминаи устувори низоми амнияти дастаҷамъиро дар шароити афзоиши хатарҳои табиӣ ва техногенӣ фароҳам месозанд.

Бо ин тартиб, машқҳои дарпешистода унсури муҳими низоми минтақавии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода маҳсуб ёфта, омодагии кишварҳоро барои амалҳои муштарак дар ҳолати офатҳои бузург нишон медиҳанд.

Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: