СММ хамкориро бо нух корманди бахши шарки наздик катъ намуд – ИА Караван Инфо
СММ хамкориро бо нух корманди бахши шарки наздик катъ намуд

СММ хамкориро бо нух корманди Очонсии СММ оид ба гурезахои фаластини (БАПОР) пас аз тахкики даст доштани онхо дар хамлахои террористии Хамос ба Исроил 7 октябри соли гузашта катъ намуд, хабар медихад DW.

Муовини намояндаи расмии дабири кулли СММ Фархон Хак изхор дошт, ки нисбати нух нафар далелхои кофи барои хулоса баровардан дар бораи даст доштани эхтимоли дар хамлахо мавчуданд. Дар бораи он, ки онхо дар чи иштирок доштанд, мушаххас карда намешавад. Тибки Иттилои BBC News, хамаи нух гумонбар аз кор ронда мешаванд. Фархан Хак кайд намуд, ки хама гуна иштирок дар хамлахо хиёнат ба кори СММ барои манфиати мардуми Фаластин аст.

Санаи 7 октябр Исроил аз чониби Газза, ки масъулияти онро гурухи чангии Фаластинии Хамос бар душ гирифт, мавриди тирборони мушаки карор гирифт. Чангчуён инчунин тавонистанд ба каламрави Исроил ворид шаванд. Дар посух Исроил вазъияти фавкулодда чори намуд ва ба Газза хамла намуда, сокинонро даъват намуд, ки шахрро тарк кунанд. Сарвазир Бинёмин Нетаняху гузариши кишварро ба холати чанг эълон намуд.

Рохбарони чахон, аз чумла ИМА ва Бритониё, хукуки Исроилро барои химоя дастгири намуданд. Эрон дар навбати худ “мудофиаи конунии миллати фаластиниро” дастгири намуд. Вазири мудофиаи Исроил фармони мухосираи Газзаро дод ва дар бораи гузаштан ба “хамлаи пурра” изхор дошт.

Президенти Казокистон Косим-Жомарт Токаев изхор дошт, ки Казокистон зидди истифодаи усулхои террористи барои халли мушкилоти байналмилали баромад намуда, таъкид намудааст, ки зуровари нисбати шахрвандони осоишта гайри кобили кабул аст. Намояндаи доимии Исроил дар СММ Гилад Эрдан кайд намуд, ки чанг метавонад “бе як тир” ба анчом расад, агар чангиён силохро гузоранд, гаравгонхоро озод кунанд ва таслим шаванд.

error: