МОСКВА, 21 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Созмони Милали муттахид ба накшахои Исроил барои назорат бар шахри Газза мухолифат намуд. Дар ин бора намояндаи дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик изхор дошт.

Тибки гузоришхои расонахои исроили, вазири мудофиаи кишвар Исроил Катс аллакай амалиёти ишголи шахрро тасдик намудааст. Хуччат бояд ба зуди барои баррасии кобинаи вазирон пешниход намуда шавад. Артиши мудофиаи Исроил дар доираи омодаги ба эхтиетгарон такрибан 60 хазор даъватнома фиристод.
“Мо ба ин сахт мухолифат намудем. Аён аст, ки чунин амалхо ба кучонидани оммавии нави одамоне оварда мерасонанд, ки аз огози ин мархилаи низоъ борхо хонахои худро тарк намудаанд” гуфт Дюжаррик дар брифинг.
Пештар, санаи 8 август, кабинети харби-сиёсии Исроил ташаббуси сарвазир Бинёмин Нетаняхуро дар бораи назорати пурраи Каламрави Сектори Газза тасдик намуд.
Тибки ин накша, пас аз амалиёти харби идоракуни бояд ба “хукумати шахрванди” – и нав дода шавад. Дар хамин хол, худи Нетаняху изхор дошт, ки Исроил ният надорад, ки бахшро нигох дорад ва хадафи амалиёт ташкили “периметри амнияти”хохад буд.
СММ дар тули мунокиша чонибхоро даъват мекунад, ки аз шиддат ва амалхое, ки метавонанд ба фалокати башардустона оварда расонанд, канорагири кунанд.
Сохторхои байналмилали борхо таъкид намудаанд, ки вазъи Газза аллакай вазнин аст ва хар гуна тавсеаи амалиёти низоми боиси боз хам бештари гурезахо ва афзоиши мушкилоти башардустона мегардад.
Аксхо: AP Photo / Эдуардо Мунос