Душанбе, 04 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд тақрибан 100 нафар сокин маблағеро, ки барои адои маросими Ҳаҷ ҷамъ карда буданд, ихтиёрӣ барои ободонӣ ва рушди деҳаҳои худ садақа додаанд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Шаҳристон Рабим Ғафурзода, ҳаҷми умумии ин хайрияҳо беш аз 3 миллион сомонӣ (зиёда аз 320 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Ин маълумот дар ҷараёни нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорон ироа гардид.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ин иқдом натиҷаи кори фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо имомон буда, ҳеҷ гуна хусусияти маҷбурӣ надорад.
«Ин ташаббус комилан ихтиёрӣ аст. Мо ҳеҷ касро маҷбур накардем, ки аз сафари умра ё Ҳаҷ даст кашад ё маблағе садақа диҳад. Баръакс, худи сокинон ба раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо муроҷиат карданд», — гуфт Рабим Ғафурзода.
Ба иттилои ӯ, бо мақсади таъмини шаффофият ба раисони маҳаллаҳо дастур дода шудааст, ки дар мавриди истифодаи маблағҳои ҷамъшуда ба аҳолӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.
Маблағҳои хайрия асосан барои беҳтар намудани роҳҳо ва пулҳо, таъмини барқ, инчунин барои тақвияти шароити муассисаҳои томактабӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ равона карда шудаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
