Душанбе, 10 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 27,7 фоиз афзоиш ёфт, ки аз васеъ гардидани ҷуғрофияи тиҷорати хориҷӣ ва болоравии иқтидори содиротии кишвар шаҳодат медиҳад. Дар ин хусус 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии содирот дар натиҷаи соли 2025 ба 2 миллиарду 487,9 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба моҳҳои январ–декабри соли 2024 ба андозаи 540,5 миллион доллар ё 27,7 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз тамоюли мусбати рушди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва таҳкими мавқеи маҳсулоти тоҷикӣ дар бозорҳои калидии хориҷӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Тавре таъкид гардид, самтҳои асосии содирот Чин (21,1 фоиз аз ҳаҷми умумӣ), Нидерланд (16,3 фоиз), Швейтсария (13,3 фоиз), Узбекистон (11,1 фоиз), Русия (9,7 фоиз) ва Туркия (8,6 фоиз) боқӣ мемонанд. Ҳамзамон, ҳиссаи назарраси содирот ба кишварҳои Эрон, Қазоқистон ва Белгия рост меояд. Ин сохтори содирот нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан равобити тиҷоратии хориҷии худро диверсификатсия намуда, вобастагиро аз шумораи маҳдуди бозорҳо коҳиш медиҳад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ инчунин таъкид шуд, ки дар амалиёти савдои хориҷӣ бо як қатор кишварҳо афзоиши содирот нисбат ба воридот ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, мувозинаи мусбати савдо бо Белгия (70,4 миллион доллар), Туркия (17,3 миллион доллар) ва Хорватия (1,3 миллион доллар) мушоҳида гардид, ки ин аз рақобатпазирии маҳсулоти тоҷикӣ дар бозорҳои аврупоӣ ва минтақаи Шарқи Наздик дарак медиҳад.
Ба арзёбии коршиносон, афзоиши нишондиҳандаҳои содирот дар соли 2025 имкониятҳои иловагиро барои ҷалби асъори хориҷӣ, дастгирии истеҳсолоти миллӣ ва рушди коркарди саноатӣ фароҳам меорад. Дар дурнамои миёнамуддат идомаи ин тамоюл метавонад ба таҳкими устувории иқтисоди миллӣ ва ҳамгироии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба равандҳои тиҷоративу иқтисодии байналмилалӣ мусоидат намояд.
АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
