«Созмони хонандагон: Қадами устувор ба сӯи оянда» – Ҷамъомади тантанавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – ИА Караван Инфо
«Созмони хонандагон: Қадами устувор ба сӯи оянда» – Ҷамъомади тантанавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Душанбе, 23 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 26–солагии таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба номи Исмоили Сомонӣ ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Созмони хонандагон – қадами устувор ба сӯи оянда» баргузор гардид. Ин чорабинӣ на танҳо таҷлили солгарди ташкилот буд, балки намунаи равшани тарбияи насли ояндасози кишвар маҳсуб меёбад.

Дар ҳамоиш намояндагони баландпояи маҳаллӣ ва соҳаи маориф ҳузур доштанд: муовини раиси ноҳия Аминзода Манижабону, директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва раиси Шурои шаҳрии Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе – Сайдалиев Назрихуҷа, мудири маорифи ноҳия Маҷидзода Ҷамшед, директори МД «Маркази таҳсилоти иловагӣ» – Нурзода Раббонӣ, инчунин директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва роҳбарони Созмони хонандагон, омӯзгорон ва хонандагон.

Дар оғози ҳамоиш меҳмонон гарданбандҳои рамзии хонандагонро ба гарданашон овехтанд ва онҳоро барои ба зинаи «Ворисони Сомониён» пазируфта шуданашон табрику таҳният намуданд. Ин амали рамзӣ ҳам эъзоз ба заҳмати хонандагон ва ҳам маънои пайвастшавии онҳо бо мероси таърихии миллат буд.

Ҳамчунин собиқадорони соҳаи маориф, роҳбарони Созмони хонандагон ва ғолибони даставии мусобиқаи даври ноҳиявии «Ватанпарвар» бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Барои болида намудани хотири иштирокдорон, таълимгирандагон ва кормандони шуъбаи фарҳангии МД «Маркази таҳсилоти иловагӣ» барномаи фарҳангиву фароғатӣ ташкил карданд.

Мақсади аслии ҳамоиш – рушди шахсияти хонандагон, омӯзиши малакаҳои худидоракунӣ ва ҷалби онҳо ба фаъолияти илмию фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва варзишӣ мебошад. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо хонандагонро бо аҳамияти ҷомеа ва ватандӯстӣ ошно мегардонанд, балки заминаи устувори тарбияи насли наврасро дар Тоҷикистон таъмин менамоянд.

АКС: Маркази таҳсилоти иловагӣ – ноҳияи Исмоили Сомонӣ

error: