Душанбе, 01 июл, – АИ «Караван инфо». Санаи 30 июни соли 2025 дар Душанбе чаласаи Калидии Хукумати Чумхурии Точикистон тахти раёсати Президенти мамлакат Эмомали Рахмон баргузор гардид. Таваччухи асоси ба масъалахои стратегии рушди ичтимоию иктисоди ва таъмини фазои устувори сармоягузори равона намуда шуд.

Дар огози чаласа гузориши Раиси кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати Султон Рахимзода дар бораи Стратегияи нави чалби сармоягузори то соли 2040 шунида шуд.
Ин стратегия асоси сиёсати давлати дар сохаи сармоягузори мебошад, ки бехтар намудани фазои сармоягузори, рушди шарикии давлати – хусуси, таквияти ташаббуси сохибкори, чалби афзалиятноки сармоягузории мустакими хоричиро пешбини мекунад.
Макомоти давлати дастур гирифтанд, ки татбики Стратегияро дар доираи бучети чудошуда ва бо истифода аз манбаъхои алтернативии маблаггузори таъмин кунанд.
Хукумат накшаи кории худро барои нимсолаи дуюми соли 2025 барраси намуд. Президент Эмомали Рахмон ахамияти саривакт омода намудани лоихахои карорхо, сатхи баланди ташкили чорабинихои чумхурияви ва байналмилали, назорати мунтазами ичрои карорхои Хукуматро таъкид намуд.
Дар натичаи мухокима карори дахлдор кабул намуда шуд.
Лоихахои тагйирот ба як катор санадхои конунгузори тасдик намуда шуданд:
- Кодекси ичроия – чинояти;
- Конуни “Дар бораи макоми хукукии хизматчиёни харби”;
- Конун “Дар бораи мусоидат ба шугли ахоли”.
Ин тагйирот ба палатаи поёнии парлумон Мачлиси намояндагон Мачлиси Оли равона намуда шудааст.
Лоихаи пешгуии нишондихандахои асосии макроиктисоди барои солхои 2026-2028 пешниход намуда шуд. Хуччат хадафхои Стратегияи миллии рушд то соли 2030, инчунин татбики барномахои сохави ва минтакавиро оид ба рушди шахру нохияхои кишвар ба назар мегирад.
Хукумат, инчунин Накшаи татбики Барномаи рушди кинематографияи точикистонро дар соли 2026 хамчун унсури мухими сиёсати фарханги ва хувияти милли барраси намуд.
Дар охири чаласа Президент супоришхои мушаххас дод:
- корхои ободони ва кишти заминхои хочагии кишлокро пурзур намоянд;
- ба таври самаранок истифода бурдани неруи барк;
- омодагии босифатро ба давраи тирамоху зимистон таъмин намояд;
- ба огози соли нави тахсил хамачониба омода шудан;
- ба муносибати 35-солагии истиклолияти Давлатии Точикистон дар соли 2026 омодаги гирифтан.
Хадамоти матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон