Душанбе, 9 июн, АИ Караван Инфо. Аз санаи 12 то 14 июн дар шахри Хучанд намоишгохи байналмилалии савдо ва форуми сармоягузории “Сугд-2025” баргузор мегардад, ки онро палатаи Савдо ва саноати Вилояти Сугд ташкил менамояд.

Ин чорабинии васеъмикёс барои рушди муколамаи байналмилалии иктисоди, тахкими робитахои тичорати хоричи, муаррифии иктидори содироти ва густариши уфукхои хамкории сармоягузории Точикистон ба платформаи мухим табдил ёфтааст.
Хадафхои форум хавасмандгардонии воридоти сармоягузори, мусоидат ба татбики технологияхои инноватсиони, фарохам овардани шароит барои шарикии дарозмуддат ва мутакобилан судманд бо намояндагони тичорат аз хоричи наздик ва дур мебошанд.
Ба намоиши махсулоти истехсолкунандагони ватани, аз чумла корхонахои муваффак аз минтакахои мамлакат диккати махсус дода мешавад, ки ин ба динамикаи рушди бахши вокеии иктисодиёти Точикистон таъкид менамояд.
“Сугд-2025” на танхо макоми Вилояти Сугдро хамчун гирехи мухими иктисоди таквият мебахшад, балки ба пешбурди бренди “Дар Точикистон сохта шудааст” ба арсаи байналмилали мусоидат менамояд.
АКС: палатаи савдо ва саноати Вилояти Сугд