Душанбе, 11 август, – АИ «Караван инфо». Санаи 10 август сухбати телефонии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни сухбат масъалахои мубрами рушди хамкорихои дучониба ва рузномаи байналмилали барраси шуданд.
Президенти Русия дар бораи натичахои асосии раванди гуфтушунид бо ИМА хабар дод. Пешвои миллат барои иттилоот изхори миннатдори намуда, кушишхои худро барои дарефти роххои сиеси ва дипломатии халли бухрони украина дастгири намуд.
Омодагии чонибхо ба тадбирхои минбаъдаи муштарак дар рушди муносибатхои шарикии стратегии точикистону русия таъкид гардид.
Сарони давлатхо инчунин чадвали вохурихои сатхи олиро дар форматхои дучониба ва бисерчониба мухокима намуданд.
АКСХО: НИАТ “ХОВАР”