Дар Лубнон созишномаи оташбас байни Исроил ва гурухи шиаи Хизбуллох ба амал омад. Президенти ИМА Чо Байден ин сулхро як кадами мухим барои хотима додани низоъ номид.

Дар давраи шаст руз артиши Лубнон ва нерухои амнияти давлати бояд назорати каламравхои чанубии кишварро баркарор кунанд. Дар айни замон, Исроил ухдадор шуд, ки нерухои бокимондаи худро тадричан аз Лубнон хорич кунад, ки ин имконияти баркарор намудани инфрасохтори террористии “Хизбуллох” – ро дар ин каламравхо истисно мекунад.
Президент Байден кайд намуд, ки созишнома ба шарофати хамкори бо Фаронса имконпазир гардид. “Мо якчоя кор хохем кард, то татбики бомуваффакияти созишномаро таъмин намоем” гуфт у.
Сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняху таъкид намуд, ки кишвараш озодии чангро нигох медорад ва ба хама гуна вайронкунии созишнома сахт вокуниш нишон медихад. “Агар Хизбуллох кушиш кунад, ки инфрасохтори террористии худро аз сар гирад, мо хамла хохем намуд”, — изхор дошт у.
Пеш аз эътибор пайдо намудани сулх, артиши Исроил ба 200 иншооти Хизбуллох дар кисми чанубии Бейрут зарба зад. Дар посух, чангиён хавопаймохои бесарнишинро ба суи иншооти низомии Исроил партоб намуданд.
Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин изхори умедвори намуд, ки кохиши танишхо дар марзи Исроил ва Лубнон асоси катъи низоъхои дигар, аз чумла бухрони фочиабори Газза хохад буд.
Сулхи бадастомада хушбинии эхтиёткоронаро ба бор меорад, аммо харду чониб омодаанд, ки агар созишнома вайрон намуда шавад, амалро аз сар гиранд. Дар моххои оянда, чомеаи байналмилали ба ичрои созишномахое, ки метавонанд огози суботи деринтизор дар минтака бошанд, бодиккат назорат хохад намуд.
Аксхо: аз бойгонии РИА Новости