Супоридани эътимоднома ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – ИА Караван Инфо
Супоридани эътимоднома ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Душанбе, 24 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 17 феврали соли 2026 cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Завқизода Завқӣ эътимодномаи худро ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп супорид.

Зимни маросим сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп расонид. Дар навбати худ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайғоми самимии хешро ба ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд. 

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: