Тағйироти кадрӣ ва самтҳои нави сиёсати давлатӣ – ИА Караван Инфо
Тағйироти кадрӣ ва самтҳои нави сиёсати давлатӣ

Душанбе, 26 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 25 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар вазорату идораҳои калидии кишвар таъин гардиданд, мулоқот анҷом дод.

Бо қарорҳои Ҳукумат муовинони якум ва муовини вазири адлия, муовини вазири фарҳанг, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ, инчунин муовини раиси Кумитаи рушди маҳал таъин шуданд. Таъкид гардид, ки ба вазифаҳои масъул мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд.

Пешниҳоди Президенти кишвар дар бораи бозхонди Бобохонзода Асомуддин аз вазифаи судяи Суди Олӣ ба баррасии Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин, пешниҳодҳо вобаста ба тағйироти кадрӣ дар Палатаи ҳисоб ба Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.

Бо мувофиқаи Сарвари давлат дар як қатор сохторҳои прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни суҳбат Пешвои миллат ба суръат бахшидани рақамикунонӣ, густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, таҳкими фарҳанги миллӣ, мубориза бо ифротгароӣ, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин таъмини волоияти қонун таъкид намуд.

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: