Душанбе, 28 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вохӯрии судманду созанда байни роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ «Роҳи Абрешим» аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Ин вохӯрӣ ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои академӣ ва илмиро байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар дошт.

Аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вохӯрӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Раҳимов М.А., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷабборов Ф.А. ва директори Институти илмию тадқиқотии “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” Ҳошимзода Р.Ҳ. ширкат намуданд. Аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ «Роҳи Абрешим» (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Тунсян Зоу ва мудири шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо Фируза Акрамова иштирок карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкориро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи махсусро ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди сайёҳӣ дар масири Роҳи Абрешим, густариши табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, ҷудо намудани стипендияҳои таҳсилотӣ, анҷоми таҳқиқоти муштараки илмӣ, ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти кафедраи ЮНЕСКО, ҳамчунин баргузории конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалии муштарак равона карданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ «Роҳи Абрешим» дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар чорабиниҳои Форуми байналмилалӣ иштирок намуда, қадамҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи харитаи роҳи рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бо нишони эҳтиром ва дӯстӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд, ки ин ба таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои илм, таҳсилот ва сайёҳӣ заминаи устувор мегузорад.
Акс: аз хадамоти матбуоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
