Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия
Душанбе, 01 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо мусоидат ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 21 то 27 марти соли 2026 дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат, аз ҷумла дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Россия, Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО)-и Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ (МИСиС) ва Донишгоҳи давлатии Пенза, ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки васеи меҳмонон ва намояндагони муҳити академӣ баргузор гардид.



АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия
