Тахкими шарикии мудофиа: Вазири мудофиаи Точикистон дар чаласаи СХШ дар Синдао иштирок намуд – ИА Караван Инфо
Тахкими шарикии мудофиа: Вазири мудофиаи Точикистон дар чаласаи СХШ дар Синдао иштирок намуд

Душанбе, 28 июн, – АИ «Караван инфо». 26 июн дар шахри Синдаои Чумхурии Мардумии Чин мачлиси навбатии вазирони мудофиаи давлатхои узви Созмони Хамкории Шанхай (СХШ) баргузор шуд. Чумхурии Точикистонро дар мулокот Вазири мудофиа Генерал-полковник Эмомали Собирзода намояндаги намуд.

Тавре дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон хабар доданд, дар чаласа рохбарони идорахои мудофиавии Кишвархои иштирокчии СХШ, дабири кулли созмон, инчунин директори кумитаи Ичроияи сохтори Минтакавии Зиддитеррористии СХШ (РАТС) иштирок намуданд.

Таваччухи асоси ба масъалахои амнияти байналмилали ва минтакави, густариши хамкори дар сохаи мудофиа, инчунин баланд бардоштани сатхи хамкори байни куввахои Мусаллахи давлатхои аъзо равона намуда шуд.

Чонибхо хамохангсозии талошхоро барои мубориза бо терроризм, экстремизм ва чинояткории муташаккили фаромилли муфассал барраси намуданд. Блоки алохида масъалахои омодасозии хайати шахси ва баланд бардоштани омодагии чангии артишхои кишвархои СХШ дар доираи машкхо ва амалиётхои муштаракро барраси намуд.

АКСХО: Маркази Матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон

error: