Тахлилгари баландпояи РМИ-и  Русия аз чониби Трамп аз кор ронда шуд – ИА Караван Инфо
Тахлилгари баландпояи РМИ-и  Русия аз чониби Трамп аз кор ронда шуд

МОСКВА, 22 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».    Президенти ИМА Доналд Трамп яке аз тахлилгарони пешбари РМИ – ро, ки дар Русия кор мекард, аз кор озод намуд, хабар медихад The Economist, бидуни номгузории номи корманд.

Тибки иттилои нашрия, вай зиёда аз 20 сол дар хадамоти иктишофии Амрико кор кардааст. Соли 2016, хамчун тахлилгари асоси дар Русия ва Авруосиё, вай дар бораи интихоботи президентии ИМА хисобот омода намуд. 

Баъдтар вай вазифаи тахлилгари калонро ишгол намуд, ки барои амалиёт ва маводхои тахлилии РМИ дар Русия ва кишвархои Иттиходи Шуравии собик масъул буд.

Каблан директори иктишофии миллии ИМА Тулси Габбард изхор дошт, ки 37 корманди амалкунанда ва собики амнияти миллиро, аз чумла онхое, ки дар тахияи арзёбии чомеаи иктишофи дар бораи дахолати Русия ба интихоботи соли 2016 иштирок доштанд, аз ичозати иттилооти махфи махрум намудааст.

Габбард афсаронро дар сиёсисозии маълумоти иктишофи, ихрочи беичозат ва вайрон намудани стандартхои касби айбдор намуд.

Худи Трамп норозигии худро аз натичахои тафтишот, ки бо номи “Рашагейт” маъруф аст, пинхон намекунад.

Ба гуфтаи у, арзёбии иктишофи дар бораи дахолати гуё Русия бо максади бадном намудани номзадии у сохта шудааст.

Вай борхо президенти собик Барак Обама ва атрофиёни уро дар ин кор айбдор намуда, амалхои онхоро “технологияи ифлос” – и муборизаи сиёси номидааст.

МАЪЛУМОТ: Парвандаи “Рашагейт” пас аз интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 огоз ёфт ва резонанси байналмилали ба бор овард. Айбдоркунихо нисбати Русия, инчунин амалхои бахсбарангези иктишоф ва сиёсатмадорон дар ИМА ва хорича мавзуи бахс боки мемонанд.

Аксхо: Evelyn Hockstein / Reuters

error: