Москва, 29 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар Куала-Лумпур гуфтушунидхои мухим дар бораи оташбас байни Таиланд ва Камбоча огоз ёфт.
Малайзия мулокоти махфиро на танхо хамчун чониби кабулкунанда, балки хамчун миёнарави фаъол ташкил намуд, зеро сарвазири он Анвар Иброхим холо АСЕАН-ро рохбари мекунад.

Дар як миз Сарвазири Камбоча Хун Манет ва ичрокунандаи вазифаи сарвазири Таиланд Пумтам Вечаячай чамъ омаданд.
Музокирот танхо ба катъи бархурдхои чанги дар минтакахои наздисархади, ки дар хафтахои охир шиддат гирифтани ташвишовар ба назар мерасид, равона намуда шудааст.
Тавре, ки Намояндаи расмии ВКХ Таиланд Никондет Пхалангкун таъкид намуд, бахсхои худуди дар доираи мулокот ба миён наомаданд: “Хеч кас сархадро таксим нанамудааст” “ин танхо дар бораи оташбас ва бозгашт ба хаёти мукаррари буд”.
Дар пасманзари танишхои тулони дар минтака, АСЕАН бори дигар накши худро хамчун платформаи сулхчуён нишон медихад, ки мехохад дарачаи низоъро байни давлатхои узви худ кохиш дихад.
Низоъ байни Таиланд ва Камбоча дар каламрави сархади хафтаи гузашта сар зад ва зуд ба задухурдхои чидди табдил ёфт. Сабаби ин ихтилофоти деринаи худуди дар минтакае буд, ки харду чониб онро аз чихати стратеги мухим мешуморанд.
Дар натичаи бархурдхои харду чониб беш аз 30 нафар кушта шуданд, ки дар байни онхо хам хизматчиёни харби ва хам сокинони осоишта буданд, садхо нафар, аз чумла захмиён ва мачбури аз хонахои худ берун рафтанд. Аз минтакаи хатарнок дар мачмуъ 200 хазор нафар берун оварда шуданд.
Фото:1tv.ru