Зиёда аз нисфи чарогоҳҳо дар Тоҷикистон зери хатаранд
Душанбе, 20 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тибқи гузориши мавзӯии Global Land Outlook on Rangelands and Pastoralists, ки таҳти сарпарастии Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ омода шудааст, беш аз 50% чарогоҳҳои Тоҷикистон дар ҳолати деградатсия қарор доранд.

Сабаби асосӣ — истифодаи ғайримантиқии замин: чарогоҳҳои наздик аз ҳад зиёд истифода мешаванд, дар ҳоле ки чарогоҳҳои дурдаст бинобар набуди роҳ ва сарчашмаҳои об бекор мемонанд.
Дар таҳияи бахши Осиёи Марказӣ мутахассисони Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи аграрии ба номи Шотемур, Вазорати кишоварзӣ ва инчунин созмонҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон ва ВМКБ саҳм гузоштаанд.
Пас аз пошхӯрии колхозу совхозҳо низоми идоракунии чарогоҳҳо қариб аз байн рафт. Чаронидани аз ҳад зиёд бидуни ротация ва нақшаи дуруст боиси заъфи хок ва растанипӯшӣ гардид, бахусус дар минтақаҳои доманакӯҳ. Оқибатҳои равшананд: эрозия, биёбоншавӣ, паст шудани ҳосилхезӣ ва коҳиши сифати чарогоҳҳо.
Бар асоси арзёбиҳо, зиёда аз нисфи чарогоҳҳои Тоҷикистон то андозае деградатсия шудаанд, ки ба амнияти озуқавории кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мушкилоти монанд дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Муғулистон низ мушоҳида мешавад.
Барои сокинони деҳот деградатсияи чарогоҳҳо оқибатҳои сангин дорад. Коҳиши захираи хӯроки чорво соҳаи чорводориро — ки манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳост — заиф мекунад. Оилаҳои деҳот маҷбуранд хароҷоти бештар барои хӯроки чорво кунанд, ки сатҳи фақрро боло мебарад.
Коҳиши даромад муҳоҷирати меҳнатиро афзоиш медиҳад.
Ҷавонон ва мардони қобили меҳнат дар ҷустуҷӯи кори беҳтар ба шаҳрҳо ё хориҷ мераванд. Ин раванд боиси кам шудани қувваи корӣ дар деҳот мегардад, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳистон, ки имконоти дигари зиндагӣ каманд ва деҳҳо ҳарчӣ бештар танҳо ва камбизоат мешаванд.
Баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи муваффақ нишон додаанд. Дар Қазоқистон татбиқи чаронидани даврӣ ва бозгашт ба низомҳои омехтаи хоҷагидорӣ натиҷаҳои мусбат овард: беҳтар шудани ҳолати чарогоҳҳо ва афзоиши маҳсулнокии чорводорӣ. Дар Қирғизистон ва Тоҷикистон солҳои охир кумитаҳои чарогоҳ ташкил шуданд, ки идоракунии заминро дар сатҳи маҳаллӣ ба роҳ мемонанд. Аммо онҳо бо мушкилоте чун камбуди захираҳо ва ҳамоҳангии суст миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки ояндаи чарогоҳҳои Тоҷикистон ба як равиши маҷмӯӣ вобаста аст. Самтҳои калидӣ инҳоянд:
- Тақвияти сохторҳои маҳаллӣ барои идоракунии чарогоҳҳо ва ташкили низоми муассир дар сатҳи ҷамоат.
- Инкишофи инфрасохтор — сохтмони роҳҳо ва дастрасӣ ба об, то чарогоҳҳои дурдаст истифода шаванд ва фишор ба заминҳои наздик кам гардад.
- Татбиқи усулҳои устувор: чаронидани даврӣ, барқарорсозии алафзорҳо, агролеспарварӣ.
- Ҳамгироии донишҳои суннатии чӯпонҳо бо технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи маълумоти моҳворавӣ барои назорат ва банақшагирии чаронидан.
Ба гуфтаи мутахассисон, чунин тадбирҳо метавонанд маҳсулнокии чарогоҳҳоро то 20–30% зиёд кунанд ва заминаи устувор барои амнияти озуқаворӣ ва рушди деҳоти кишвар фароҳам созанд.
АКС: Азия Плюс