Душанбе, 19 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати тарғибу эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ва оғози тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҳайати кормандон дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт аксияҳои идона баргузор намуданд. Ин иқдом фазои идона дар шаҳри Душанбе ба вуҷуд оварда, эҳсоси шодиву ҳамбастагӣ миёни сокинон ва меҳмонони шаҳрро тақвият дод.

Дар доираи чорабинӣ арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои суннатии Наврӯз, аз ҷумла либоспӯшии тоҷикона, расму оинҳо, суруду рақсу бозичаҳои миллӣ ба таври равшан муаррифӣ шуданд. Маҳфилҳои фарҳангӣ ва намоишҳои ҳунарӣ, ки дар кӯчаҳо ташкил гардида буданд, имкон доданд, ки ҳам кӯдакону наврасон ва ҳам калонсолон бо фарҳанги аслии ниёгон шинос шаванд.
Соҳибкорон ва иштирокчиён таъкид карданд, ки чунин аксияҳо барои эҳёи мероси фарҳангӣ ва тақвияти ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ аҳамияти калон доранд. Дар заминаи ин чорабинӣ инчунин ҷой барои таблиғи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти миллӣ фароҳам оварда шуд, ки ҳам ба рушди иқтисод ва ҳам ба рушди фарҳанги миллӣ мусоидат мекунад.

Ҷашни Наврӯз, ки рамзи ҳамбастагӣ, эҳтиром ба табиат ва эҳёи анъанаҳои миллист, барои ҷомеаи Тоҷикистон имконият медиҳад, ки на танҳо мероси фарҳангиро ҳифз кунад, балки онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
