Душанбе, 28 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ»-ро таҳия намуд, ки моҳи феврал ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мешавад. Дар ин бора директи агентӣ Шералӣ Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Таҳияи қонун дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» (16 декабри 2025) сурат гирифтааст. Президент таъкид доштанд, ки гарчанде зиёда аз 70 фоизи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ ёдгориҳои бостонӣ мебошанд, дар кишвар то ҳол қонуни махсуси соҳаи бостоншиносӣ вуҷуд надорад.
«Амалӣ намудани ин қонун иқдоми устувор барои эътирофи таърихи чандҳазорсолаи тоҷикон хоҳад буд», — таъкид кард Президент.
Директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода зикр намуд, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати фарҳанг ва таърих ҳифзи мероси бостонӣ ва фарҳангӣ рукни муҳим барои нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии ҳар миллат мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, олимони соҳаи бостоншиносӣ бояд таъриху тамаддуни тоҷиконро амиқ таҳлил намоянд, пажӯҳишгоҳҳо ва мутахассисон тадқиқотҳо анҷом дода, асарҳои илмиро нашр ва паҳн кунанд. «Новобаста аз он ки зиёда аз 70 фоизи ёдгориҳои таърихӣ ёдгориҳои бостонӣ мебошанд, қонуни соҳавӣ дар соҳаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад», — афзуд директор.
Қонуни нав ҳамчунин ҷалби сармояи хориҷиро барои пажӯҳиш, эҳё ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ бо иштироки олимони ватанию хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони миллӣ дар назар дорад.
Шералӣ Хоҷазода таъкид намуд, ки амалӣ кардани барномаҳои буҷавӣ ва хориҷӣ дар самти эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ рушди соҳаи сайёҳии таърихию фарҳангиро ҳам пеш мебарад. То имрӯз зиёда аз 120 ёдгории бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ эҳё гардида, даҳҳо ёдгории моддӣ тармим ва ҳифз шудаанд.
Ин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд, ки тоҷикон миллати созанда ва фарҳангдӯст мебошанд. Дар заминаи ин барнома марказҳои таърихии миллӣ ва мавзеъҳои бостонӣ дар Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҳисор, Бохтар, Ҳулбук, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, Кӯлоб ва Хоруғ барқарор шудаанд.
Лоиҳаи Қонуни «Дар бораи бостоншиносӣ» ба ҳифзи систематикии ёдгориҳои бостонӣ, мусоидат ба таҳқиқотҳои илмӣ ва эҷоди заминаи ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи мероси фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон равона шудааст, ки қадами муҳиме барои нигоҳдории таърих ва мушаххас кардани шиносномаи миллӣ мебошад.
АКС: АМИТ «ХОВАР»
