Тасдиқи санадҳои байналмилалӣ: дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ду созишномаи СААД ҷонибдорӣ ёфт – ИА Караван Инфо
Тасдиқи санадҳои байналмилалӣ: дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ду созишномаи СААД ҷонибдорӣ ёфт

Душанбе, 30 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». 28 январ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вакилони мардумӣ лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома оид ба мақоми қувваҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД аз 10 декабри соли 2010-ро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин, лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи интиқоли воҳидҳо ва дигар қисмҳои ҳарбӣ, амволи сайёри онҳо ва маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ аз 15 сентябри соли 2015 баррасӣ гардида, аз рӯйи ҳар ду санад қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Дар идомаи иҷлосия масъалаҳои қонунгузории миллӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ“» баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Қарорҳои қабулшуда бозгӯи талоши Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқии амнияти дастаҷамъӣ ва такмили низоми миллии пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода мебошанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: