Душанбе, 13 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати австриягии «AME International GmbH» санад дар бораи татбиқи лоиҳаи комплексӣ — муосиргардонии Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологӣ имзо гардид. Дар ин бора аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Имзои санад дар доираи мулоқот бо намояндагони ширкати «AME International GmbH» аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода баргузор шуд.
Дар доираи лоиҳа ба таъсиси муассисаи байналмилалии онкологӣ пешниҳод шудааст, ки ташхис ва табобати бемориҳои онкологиро дар калонсолон ва кӯдакон фаро мегирад ва ҳамзамон дар пешгирии ин бемориҳо нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба беморони онкологӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва дигар самтҳои манфиатдор мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода шуд.
Татбиқи лоиҳа татбиқи технологияҳо ва методҳои муосири табобат, баланд бардоштани ихтисоси кормандони тиббӣ ва тақвияти инфрасохтори соҳаи тандурустиро пешбинӣ мекунад, ки ин барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасӣ ба ёрии махсусгардонидашудаи онкологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
