Таваҷҷуҳ ба саломатии кӯдакон: дар Вазорати тандурустӣ татбиқи барномаи ғизои мактабӣ баррасӣ шуд – ИА Караван Инфо
Таваҷҷуҳ ба саломатии кӯдакон: дар Вазорати тандурустӣ татбиқи барномаи ғизои мактабӣ баррасӣ шуд

Душанбе, 30 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». 28 январ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 баргузор гардид. Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 ҷамъбаст ва нақшаҳо барои соли 2026 муайян карда шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуотии вазорат хабар доданд, дар ҷаласа сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оила Зоир Набиев, намояндагони сохторҳои дахлдори вазорат, дигар вазорату идораҳо, кумитаҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар рафти баррасӣ зикр гардид, ки татбиқи барнома ба навсозии низоми ғизои мактабӣ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифат ва бехатарии ғизо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ равона шудааст. Ҳамзамон, нақши ғизои солим дар таҳкими саломатии кӯдакон ва наврасон таъкид карда шуд.

Иштирокчиён натиҷаҳои ҷории иҷрои барномаро мавриди таҳлил қарор дода, вазифаҳои афзалиятнок ва қадамҳои минбаъдаро барои идомаи татбиқи он муайян намуданд. Ба масъалаи ҳамкории байниидоравӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии тадбирҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Инчунин, дар ҷараёни ҷаласа пешниҳод ва тавсияҳо оид ба такмили ташкили ғизои мактабӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда дар ин самт ироа шуданд, ки ба рушди устувори барнома ва мутобиқати он ба талаботи муосир мусоидат хоҳанд кард.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: