Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими ҷамъшудаи Чин дар Осиёи Марказӣ дар давоми 10 сол қариб ду баробар афзудааст.

Дар Саммити «Осиёи Марказӣ – Чин»
Акс: REUTERS
Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ (СМХ) аз Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста афзоиш меёбанд ва ҳамасола саҳми худро дар иқтисоди давлатҳои минтақа бештар мекунанд, омадааст дар гузориши Бонки рушди Авруосиё таҳти унвони «Чин ва минтақаи Авруосиё: таҳлили ҷараёнҳои сармоягузорӣ», ки 25 декабр нашр шуд.
Дар гузориш зикр мешавад, ки Чин тавассути ин сармоягузориҳо мавқеи худро дар бахшҳои калидии иқтисод, аз ҷумла энергетика, инфрасохтор ва саноати коркард, тақвият медиҳад. Ҳамзамон, ин сармоягузориҳо ба рушди иқтисодии минтақа, беҳбуди вазъи экологӣ ва навсозии инфрасохтор мусоидат мекунанд.
Тибқи маълумоти гузориш, ҳаҷми СМХ-и ҷамъшудаи Чин дар Осиёи Марказӣ аз 19,6 миллиард доллар дар соли 2016 то 35,9 миллиард доллар то миёнаи соли 2025 афзоиш ёфтааст. Аз ин маблағҳо 32 фоиз ба иқтисоди Қазоқистон, 30 фоиз — Ӯзбекистон, 27 фоиз — Туркманистон, 6 фоиз — Тоҷикистон ва 5 фоиз — Қирғизистон рост меояд.
Тоҷикистон
Сармоягузориҳои мустақими Чин ба Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аз 1,4 миллиард доллар то 2,2 миллиард доллар афзоиш ёфтаанд. Тоҷикистон 6 фоизи портфели умумии СМХ-и Чинро дар Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад. Қисми асосии сармоягузориҳои чинӣ дар ду бахш мутамарказ шудаанд: соҳаи ашёи хом ва саноати коркард.
Ба бахши ашёи хом 45 фоизи тамоми сармоягузориҳо (978 миллион доллар) рост меояд, ки дар даҳ соли охир бо суръати миёнаи солонаи 5 фоиз афзоиш ёфтааст. Саноати коркард 42 фоиз (911 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад ва суръати афзоиши он 2,3 фоиз дар як сол аст.
Дар айни замон, сармоягузориҳои мустақими Чин дар Тоҷикистон асосан бо як лоиҳаи амалкунандаи саноатӣ ва як қатор ташаббусҳои ояндадор дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия муаррифӣ мешаванд.
Лоиҳаи калидии амалишаванда коркарди кони тиллои «ТАЛКО Голд» дар вилояти Суғд бо иштироки ширкати Tibet Huayu Mining мебошад. Сармоягузорӣ тавассути корхонаи муштарак анҷом дода мешавад, ки 50 фоизи саҳмияҳо ба сармоягузори чинӣ тааллуқ доранд. Буҷети умумии лоиҳа 136 миллион доллар арзёбӣ мегардад.

Ифтитоҳи корхонаи кӯҳию коркарди «ТАЛКО Голд» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Акс: хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои худии ширкат татбиқ мешавад, ки ба корҳои кӯҳию сохтмонӣ, инфрасохтори кон ва хариди таҷҳизот равона мегарданд.
Дар солҳои 2025–2028 ширкати Eging PV Technology ният дорад неругоҳи офтобиро бо иқтидори то 1,5 ГВт бунёд намояд. Ҳамзамон, ширкати China Datang Overseas ду лоиҳаро баррасӣ мекунад: сохтмони неругоҳи офтобии 500 МВт дар вилояти Суғд ва корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар вилояти Хатлон.
Ҳамаи ин лоиҳаҳо ҳамчун сармоягузориҳои ибтидоӣ аз ҳисоби маблағҳои худии ширкатҳои чинӣ, бидуни дастгирии мустақими буҷетии ҷониби қабулкунанда, пешбинӣ шудаанд. Оғози корҳои асосии сохтмонӣ дар нимаи дуюми солҳои 2025–2026, пас аз анҷоми асосноккуниҳои техникӣ-иқтисодӣ ва мувофиқаи қитъаҳо, интизор меравад.
Қазоқистон
Ҳаҷми умумии СМХ-и Чин дар Қазоқистон то соли 2025 ба 11,4 миллиард доллар мерасад. Ширкатҳои чинӣ дар саноати коркард, энергетика ва инфрасохтор фаъолона сармоягузорӣ мекунанд.
Яке аз бузургтарин лоиҳаҳо иштироки Sinopec дар маҷмааи газу химиявии «Силлено» дар вилояти Атирау мебошад. Дар соли 2024 як қатор лоиҳаҳои нав, аз ҷумла корхонаи металлургӣ дар Шимкент ва неругоҳҳои бодӣ дар вилояти Бухоро ба кор даромаданд.
Қирғизистон
Сармоягузориҳои мустақими Чин дар Қирғизистон 2,1 миллиард долларро ташкил медиҳанд, ки баробари 5,8 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин дар Осиёи Марказӣ мебошад. Қисми асосии маблағҳо ба соҳаҳои истихроҷ ва саноати коркард равона шудааст.
Дар қатори лоиҳаҳои калон сохтмони неругоҳи офтобӣ ва роҳи оҳани Қирғизистон–Ӯзбекистон қарор дорад, ки соли 2024 оғоз ёфт. Чин ҳамчунин инфрасохтори кишварро, аз ҷумла дар бахшҳои логистика ва коркарди партовҳо, густариш медиҳад.
Туркманистон
Сармоягузориҳои мустақими Чин дар Туркманистон то миёнаи соли 2025 аз 5,6 миллиард доллар ба 9,5 миллиард доллар афзоиш ёфтанд. Афзоиши асосӣ ба солҳои 2016–2021 рост меояд ва бо лоиҳаҳои энергетикӣ вобаста аст.
Яке аз лоиҳаҳои калидӣ коркарди кони «Багтыярлык» бо иштироки ширкати CNPC мебошад. Дар солҳои охир таваҷҷуҳи сармоягузорони чинӣ бештар ба истифодаи лоиҳаҳои мавҷуда равона шудааст.
Ӯзбекистон
Ӯзбекистон дувумин гирандаи бузурги сармоягузориҳои мустақими Чин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми сармоягузориҳои ҷамъшуда то соли 2025 ба 10,7 миллиард доллар мерасад, ки 30 фоизи тамоми сармоягузориҳои Чинро дар минтақа ташкил медиҳад.
Қисми асосии ин сармоягузориҳо ба бахши энергетика (51 фоиз), саноати коркард (31 фоиз) ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона шудаанд. Аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузург сохтмони маҷмааи олефинӣ дар вилояти Бухоро бо ҳаҷми сармоягузории 3,3 миллиард доллар мебошад. Илова бар ин, лоиҳаҳои неругоҳҳои бодӣ ва инфрасохтори газӣ низ рушд меёбанд.
Муаллиф: Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus
Ҳайати таҳририя: «ИА Караван Инфо».
