Душанбе, 10 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҷои терминали кӯҳнаи фурудгоҳ терминали нави мусофирбар бунёд мегардад, ки қодир аст то 3 миллион мусофирро дар як сол хизматрасонӣ намояд. Татбиқи ин лоиҳа марҳилаи муҳими навсозии инфрасохтори авиатсионии пойтахт ба ҳисоб рафта, аз омодагии кишвар ба афзоиши минбаъдаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон дарак медиҳад.

Дар бораи оғози ин тарҳ 28 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Зайнулло Шарифзода иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, корҳои лоиҳакашӣ пурра анҷом ёфта, дар рӯзҳои наздик сохтмони терминали нав оғоз меёбад. Иншоот дар ҷои терминали кӯҳнаи парвозҳои дохилӣ, ки мавриди тахриб қарор мегирад, бунёд шуда, муҳлати сохтмон то ду сол пешбинӣ шудааст.
«Дар рӯзҳои наздик мо ба сохтмони терминали нав оғоз мекунем. Он дар ҷои терминали кӯҳнаи парвозҳои дохилӣ бунёд мегардад. Айни ҳол корҳои ниҳоии лоиҳакашӣ анҷом меёбанд. Терминали нав метавонад то 3 миллион мусофирро дар як сол қабул кунад ва дар якҷоягӣ бо терминали байналмилалӣ имкони хизматрасонии то 5 миллион мусофирро дар як сол фароҳам месозад», — иброз дошт Зайнулло Шарифзода.
Бо ин ҳисоб, иқтидори умумии хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пас аз ба истифода додани терминали нав метавонад ба 5 миллион мусофир дар як сол расад, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои кунунӣ ба маротиб бештар буда, заминаи васеъ барои рушди шабакаи хатсайрҳо ва афзоиши шумораи парвозҳоро фароҳам меорад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба нашрияи Asia-Plus иттилоъ доданд, ки дар давраи сохтмон ҳамаи парвозҳои дохилӣ тавассути Терминали 1, ки дар наздикии бинои кӯҳна ҷойгир аст, анҷом дода мешаванд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки фаъолияти фурудгоҳ бе танаффус идома ёфта, самаранокии корӣ коҳиш наёбад.
Нақшаҳои навсозӣ танҳо ба пойтахт маҳдуд намешаванд. Роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода зимни нишасти матбуотии 28 январ хабар дод, ки дар соли ҷорӣ таҷдид ва навсозии терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб низ дар назар аст.
«Мо бо бонкҳои сармоягузорӣ ҳамкорӣ дорем, то соли 2026 дар фурудгоҳҳои Кӯлоб ва Бохтар бо ҷалби сармоягузорӣ терминалҳои нави муосири мусофирбар бунёд намоем», — гуфт Ҳабибулло Назарзода.
Ин изҳорот аз гузариш ба навсозии низомманди инфрасохтори авиатсионии кишвар бо истифода аз механизмҳои сармоягузорӣ ва шарикии байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Тавре дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ доданд, соли 2025 дар доираи таҷдиди инфрасохтори заминӣ 45 адад техникаи нави махсус барои хизматрасонии ҳавопаймоҳо харидорӣ шудааст. Ҳамчунин корҳои васеи таъмиру навсозии қисмати аэродром анҷом дода шуданд:
— дар масоҳати 400 ҳазор метри мураббаъ роҳҳои таксӣ ва перрони фурудгоҳ таъмиру асфалтпӯш гардиданд;
— роҳи нави таксӣ бо дарозии 900 метр ва паҳноии 60 метр сохта шуд;
— перрони нави масоҳаташ 48,6 ҳазор метри мураббаъ, ки барои ҷойгиркунии 5 ҳавопаймо пешбинӣ шудааст, ба истифода дода шуд.
Дар айни замон ҳаҷми маблағҳои харҷшуда барои сохтмон ва таъмири истгоҳҳои иловагӣ, роҳҳои таксӣ ва перрони фурудгоҳ эълон нашудааст. Дар маъмурияти фурудгоҳ ин маълумотро шарҳ надоданд.
Ёдовар мешавем, ки то соли 2014 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо як терминал дошт, ки ҳанӯз дар давраи шӯравӣ бунёд шуда буд ва тамоми парвозҳои дохиливу байналмилалӣ аз он анҷом дода мешуданд. Терминали нави байналмилалӣ 3 сентябри соли 2014 бо маблағгузории Фаронса ва ширкати VINCI Construction Grands Projets расман ба истифода дода шуд ва ба як марҳилаи муҳими рушди авиатсияи граждании кишвар табдил ёфт.
Сохтмони терминали нави мусофирбар бозгӯи талоши Тоҷикистон барои мутобиқ сохтани инфрасохтори нақлиётӣ ба афзоиши ҳаракатнокии аҳолӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими иқтидори транзитии кишвар дар минтақа мебошад.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот»
