Душанбе, 31 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар соли 2025 студияи «Тоҷикифилм» 24 филм, аз ҷумла бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, анимационӣ ва кӯтоҳмуддатро ба навор гирифт. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ мудири муассиса Маҳмадсаид Шоҳён хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли гузашта 13 филми бадеӣ, 7 ҳуҷҷатӣ, 2 анимационӣ ва 2 кӯтоҳмуддат сохта шудааст. Дар миёни онҳо тамошобинон метавонанд асарҳои бо мавзӯъ ва назари беназирро тамошо кунанд:
- «Хоби сурх» — муаллиф ва коргардон Толиб Соҳибёр
- «Моҳӣ барои рафик Черчил» — муаллиф ва коргардон Нигина Радҷабова
- «Ошёни нур» — коргардон Муҳаммадрабии Исмоил
- «Решахо» — муаллиф Сафар Ҳакдодов, коргардон Абдухай Зокиров
Таваҷҷӯҳи махсус ба лоиҳаҳои байналмилалӣ дода шуд. Дар соли 2025 филмҳои муштарак таҳия шуданд:
- «Пайроҳаи хашм» — Тоҷикистон ва Россия
- «Моҳӣ дар шаст» — Тоҷикистон, Эрон ва Россия
- «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Маҳмадсаид Шоҳён қайд кард, ки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо забони тоҷикӣ ва бо зернависи русӣ ва англисӣ ва инчунин бо забони ӯзбекӣ бо зернависи русӣ ва англисӣ пешкаш хоҳад шуд. Монтажи филм ҳоло дар Ӯзбекистон идома дорад ва санаи премьера дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муайян карда мешавад.
Ба гуфтаи мудири «Тоҷикифилм», рушди саноати синамо ва иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ба тақвияти робитаҳои фарҳангӣ, пешбурди фарҳанги тоҷик дар хориҷ ва эҷоди платформа барои мубодилаи таҷриба байни коргардонҳои кишварҳои гуногун мусоидат мекунад.
АКС: Азия Плюс
