Тоҷикистон ҳамкории худро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшад – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ҳамкории худро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшад

Душанбе, 12 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як қатор мулоқоту чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд, ки ҳадафи онҳо густариши ҳамкориҳои стратегии дуҷониба дар самтҳои калидӣ, аз ҷумла рақамикунонӣ ва навоварист.

Тавре Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамоиши сатҳи баланди доираи тиҷоратии Тоҷикистон ва ИМА бо иштироки доираҳои соҳибкорӣ баргузор гардида, дар доираи он байни Агентӣ ва ширкати Nasdaq, Inc. Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ин ҳуҷҷат ба рушди инфрасохтори молиявӣ ва танзимгарии технологии Тоҷикистон равона гардида, модернизатсияи низоми ҳисоботдиҳӣ, баланд бардоштани шаффофияти бозор ва тақвияти ҳамгироии кишвар ба ҷомеаи молиявии ҷаҳонӣ-ро дар назар дорад.

Ба андешаи коршиносон, ин иқдом заминаи мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, таҳкими муҳити соҳибкорӣ ва мубодилаи дониш ва технологияҳои пешрафта бо яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

Дар ҷараёни форум мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо бо роҳбари калони Бюрои таҳдидҳои нав дар Вазорати корҳои хориҷии ИМА хонум Энни Ву низ баргузор гардид. Ҷонибҳо имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва нақши онро дар таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА, инчунин масъалаҳои амнияти рақамӣ ва ҳамкории технологӣ баррасӣ намуданд.

Имзои Ёддошти тафоҳум бо Nasdaq қадами муҳиме дар роҳи тақвияти шарикии иқтисодии Тоҷикистону ИМА ба шумор меравад ва омодагии Тоҷикистонро барои ҷорӣ намудани навовариҳо ва ҳалли рақамӣ дар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ инъикос менамояд.

Таҳлилгарон бар онанд, ки рушди соҳаи рақамӣ яке аз самтҳои калидии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2040 мебошад ва ҳамкорӣ бо сохторҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба кишвар имкон медиҳад, ки раванди табдили рақамиро тезонад ва мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: