Душанбе, 19 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон омодагии худро барои густариши фаъолонаи ҳамкориҳои рақамӣ ва саноатӣ дар доираи созмони БРИКС эълом дошт. Дар ин бора директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии ҷумҳурӣ Хуршед Мирзо зимни суханронӣ дар Форуми БРИКС оид ба ҳамкории Инқилоби нави саноатӣ, ки рӯзҳои 16–17 сентябр дар шаҳри Сямэни Чин баргузор шуд, изҳор намуд.

Ба иттилои маркази матбуотии Агентӣ, Мирзо зарурати ҳамкории байналмилалиро барои ташкили экосистемаҳои устувори рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва ҷалби сармоягузорӣ таъкид кард.
Ӯ ҳамчунин ба рушди робитаҳои рақамии фаромарзӣ, тавсеаи шарикии давлатӣ-хусусӣ ва нақши инноватсияҳо ҳамчун пояи рушду тавсеаи саноатӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуд.
Дар доираи форум Хуршед Мирзо бо вазири саноат ва технологияҳои иттилоотии Чин Ли Лэчэн ва раиси вилояти Фуцзян Чжао Лун мулоқот анҷом дод.
Дар ин дидорҳо самтҳои зерин баррасӣ шуданд:
- рушду татбиқи хадамоти давлатии абрӣ,
- рақамикунонии саноат,
- инфрасохтори додаҳо,
- истеҳсоли нимноқилҳо.
Сарвари Агентӣ шарикони чиниро ба ширкат дар Форуми байналмилалии Digital Tajikistan, ки 13 октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, даъват кард.
Ҳузури Тоҷикистон дар форум ва гуфтушунидҳо бо шарикони калидӣ далели омодагии кишвар ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои пешрафта ва нақши он ҳамчун маркази муҳими пайвастагии рақамӣ ва инноватсия дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳои БРИКС барои Душанбе чанд афзалияти стратегиро фароҳам месозад:
- Дастрасӣ ба сармоя ва технологияҳои нав. Ин раванд метавонад ба модернизатсияи босуръати иқтисод мусоидат кунад.
- Баромад ба бозорҳои нав. Шарикӣ бо Чин, Ҳинд ва Бразилия роҳҳои содирот ва ҳамкориро барои ширкатҳои тоҷикӣ мекушояд.
- Коҳиши вобастагӣ аз доираи маҳдуди шарикон. Ин диверсификатсия иқтисодро устувортар месозад.
- Интегратсияи рақамӣ. Пойгузории марказҳои додаи фаромарзӣ ва рушду густариши хадамоти абрӣ метавонад Тоҷикистонро ба маркази минтақавии иттилоот табдил диҳад.
Бо ин роҳ, иштироки Тоҷикистон дар форуми БРИКС танҳо иқдоми дипломатӣ нест, балки як ҷузъи муҳими стратегияи дарозмуддати рақамисозӣ ва саноатии кишвар ба шумор меравад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон