Тоҷикистон ба як самти маъруфи сайёҳӣ барои шаҳрвандони Русия табдил меёбад – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ба як самти маъруфи сайёҳӣ барои шаҳрвандони Русия табдил меёбад

Душанбе, 28 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот».Тибқи маълумоти хадамоти фармоишии саёҳатии MyAgen, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2026 ҳарчи бештар сайёҳонро аз Русия ва кишварҳои ИДМ ҷалб мекунад. Сайёҳон кишварро барои омезиши нодири табиати зебоманзар, иқлими мулоим, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, таомҳои миллӣ ва меҳмоннавозии мардум интихоб менамоянд.

Аз ҷумлаи мавзеъҳои сербоздид чунинанд:

Шоҳроҳи Помир — яке аз роҳҳои зеботарини ҷаҳон, баландтарин шоҳроҳ дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ягона масири муттасили 1200-километра, ки аз миёни релефи мураккаби кӯҳӣ мегузарад. Ин роҳ на танҳо дӯстдорони сайёҳии фаъол, балки саёҳатчиён ва аксбардорони касбиро аз саросари ҷаҳон ҷалб мекунад.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки дар 22 толори он таърих ва фарҳанги кишвар таҷассум ёфта, нигораҳои қадимӣ, асарҳои ҳунарӣ ва коллексияҳои этнографӣ ба намоиш гузошта шудаанд ва ба меҳмонон имкон медиҳанд мероси фарҳангии Тоҷикистонро амиқтар дарк намоянд.

Қалъаи Ҳисор — ёдгории нодири таърихӣ бо зиёда аз се ҳазор соли таърих, ки бо вижагиҳои меъморӣ, истеҳкомҳо ва осорхонаҳояш маъруф аст. Қалъа рамзи ҳувияти миллӣ ва яке аз корти шиносоии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Кӯҳҳои Фон — аз зеботарин қаторкӯҳҳои ҷаҳон, ки бо ривояту достонҳои сершумор машҳуранд ва барои сайёҳии пиёдагардӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳати экологӣ имконият фароҳам меоранд. Сайёҳон махсусан аз кӯлҳои зебо, пиряхҳо ва марғзорҳои алпӣ лаззат мебаранд.

Илова бар ин, шаҳрвандони Русия анъанавӣ барои истироҳат кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ — Ӯзбекистон ва Қазоқистонро низ интихоб мекунанд ва иқлими мусоид ва сатҳи баланди зерсохтори сайёҳиро қайд менамоянд. Дар моҳи феврал ҳарорати миёна дар Душанбе ба +20°С мерасад, ки нисбат ба аксари минтақаҳои Русия дар ин давра хеле баландтар буда, Тоҷикистонро барои истироҳати зимистона ҷолиб мегардонад.

Тибқи натиҷаҳои соли гузашта, дар Тоҷикистон ҳудуди 1,8 миллион шаҳрванди хориҷӣ истироҳат кардаанд, ки нисбат ба соли 2024 27,5 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши ҷараёни сайёҳон беш аз 384 ҳазор нафарро ташкил дод.

Бештари меҳмонон анъанавӣ аз кишварҳои ИДМ ворид мешаванд. Аз рӯи шумораи боздидкунандагон ҷойи аввалро ҳамсоякишвар — Ӯзбекистон (зиёда аз як миллион сайёҳ) ишғол намудааст, дар ҷойи дуюм Русия қарор дорад, ки аз он ҷо 396,4 ҳазор нафар ба Тоҷикистон сафар кардаанд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки афзоиши таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон на танҳо ба иқлими мулоим ва шароити табиӣ, балки ба рушди зерсохтори сайёҳӣ — меҳмонхонаҳо, меҳмонхонаҳои хонагӣ, тарабхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ вобаста аст. Беҳтар гардидани алоқаи нақлиётӣ, густариши хатсайрҳои дохилии ҳавоӣ ва рушди хизматрасониҳои фармоиши онлайн сафарро барои меҳмонони хориҷӣ боз ҳам роҳаттар мегардонад.

Ба гуфтаи мутахассисон, маъруфияти Тоҷикистон миёни сайёҳон минбаъд низ афзоиш хоҳад ёфт, бахусус бо дарназардошти рушди фаъоли экотуризм, масирҳои саёҳатии моҷароҷӯёна ва турҳои фарҳангӣ. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди истироҳати бехатару дастрас, ҳамгироии хизматрасониҳои рақамӣ барои сайёҳон, инчунин ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихию табиӣ равона гардидааст.

Дар оянда Тоҷикистон ният дорад масирҳои байналмилалии сайёҳиро рушд диҳад, барномаҳои нави экскурсионӣ таъсис намояд, сифати хизматрасониро беҳтар созад ва сармоягузориро ба соҳаи меҳмондорӣ ва зерсохтор ҷалб намояд, ки ин ба кишвар имкон медиҳад мавқеи худро ҳамчун яке аз самтҳои калидии сайёҳии Осиёи Марказӣ таҳким бахшад.

АКС: Шабакаи телевизионии «Мир» / Ҳама чиз дар бораи Тоҷикистон

error: