Душанбе, 07 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири ҳарчи бештар нигаронкунанда мерасонад. Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа дар форуми Kazakhstan Energy Week 2025, ки дар доираи нишасти сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Лигаи давлатҳои араб баргузор гардид, изҳори назар намуд.

Вазир таъкид кард, ки бо вуҷуди саҳми ночизи Тоҷикистон дар партови газҳои гулхонаӣ — камтар аз 0,003% дар сол, кишвар ба панҷгонаи кишварҳои аз ҳама осебпазир ба таъсири тағйирёбии иқлим шомил аст.
«Мо хуб дарк мекунем, ки хатари рӯзафзуни тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисодиёти мо ҷиддан нигаронкунанда аст», — гуфт Далер Ҷумъа.
Рисолатҳои асосии иқлимӣ барои Тоҷикистон бо обшавии пиряхҳо марбутанд, ки онҳо манбаи асосии об барои неругоҳҳои барқи обӣ ва кишоварзӣ мебошанд.
Ба гуфтаи вазир, қисми зиёди оби обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ аз ҳисоби обшавии пиряхҳо таъмин мешавад, ки, мутаассифона, бо суръати баланд коҳиш меёбанд. Бар асоси арзёбиҳои коршиносон, дар асри XX пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 30% ҳаҷми худро аз даст додаанд, ва ин раванд ҳоло боз ҳам тезтар мегардад.
Ин ҳолат барои энергетикаи кишвар, ки аз захираҳои об вобаста аст, ҳамчунин барои амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ хатар эҷод мекунад.
Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки чунин чорабиниҳо бояд ба табодули таҷриба ва таҳияи ҳалли муштарак барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат кунанд.
«Ман итминон дорам, ки мулоқоти имрӯза минбари муассир барои таҳкими ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои мушаххас баҳри таъмини ояндаи устувори энергетикӣ барои кишварҳои мо хоҳад буд», — афзуд вазир.

Дар нишаст намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд, аз ҷумла муовини Дабири кулли СҲШ Аҳмад Саидмуродзода, раҳбари Идораи экологии СҲШ Маҳмуд Фаталлоҳ ва Дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (CICA) Қайрат Сарибой.
Ширкати онҳо нишон медиҳад, ки мубориза бо тағйирёбии иқлим ва гузариш ба рушди устувор ба яке аз самтҳои калидии ҳамкории минтақавӣ табдил ёфтааст.
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон