Душанбе, 31 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Шерализода Шараф дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳӣ, куҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни баромади худ намояндаи Тоҷикистон ба аҳамияти рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки давлат ва бахши хусусӣ, инчунин афзоиши маъруфияти намудҳои варзишии зимистона таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин самтҳо метавонанд ба рушди устувори соҳа, ҷалби бештари сайёҳон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ замина гузоранд.
Конгресси мазкур аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва Ҳукумати Андорра ташкил шуда, аз 25 то 27 марти соли ҷорӣ дар Андорра баргузор гардид.

Ин чорабинӣ ҳамчун майдони муҳими мубодилаи таҷриба байни кишварҳо арзёбӣ мешавад, зеро дар он масъалаҳои рушди сайёҳии муосир, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои варзишию кӯҳӣ баррасӣ мегарданд. Барои Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги табиӣ ва кӯҳистонӣ мебошад, чунин минбарҳо аҳамияти хос доранд ва метавонанд ба муаррифии бештари имкониятҳои кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намоянд.
Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева
