Душанбе, 05 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, аҳамияти чорабинии мазкурро барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ИДМ таъкид намуданд.

Интизор меравад, ки зимни ҷаласаи Шуро самтҳои афзалиятноки ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳод, раванди татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ ва политсияи кишварҳои иштирокчӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд. Ба масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад шуд.
Баргузории ҷаласаи Шуро дар Тоҷикистон нишонаи эътирофи нақши афзояндаи кишвар дар низоми ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ мегардад. Ҷойгиршавии ҷуғрофии ҷумҳурӣ ва таҷрибаи андӯхта дар самти муқовимат ба таҳдидҳои муосири амниятӣ аҳамияти масъалаҳои баррасишавандаро боз ҳам бештар менамояд. Дар ин замина, Душанбе на танҳо макони баргузории муколама, балки иштирокчии фаъоли ташаккули равишҳои муштарак ҷиҳати таъмини субот дар фазои ИДМ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардида буд. Дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуда, доир ба рушди ҳамкории афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд ироа намуд.
Ба андешаи коршиносон, баргузории мунтазами чунин ҷаласаҳо ва табодули таҷриба дар сатҳи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳамоҳангсозии чораҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои умумӣ мусоидат мекунад. Ҷаласаи дарпешистодаи Шурои вазирони корҳои дохилии ИДМ дар соли 2026 дар Тоҷикистон ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими эътимод, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории муштарак ва рушди минбаъдаи механизмҳои амнияти коллективӣ арзёбӣ мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»
