Тоҷикистон дар пешбурди дипломатияи глобалии муҳити зист: Қатъномаи UNEP оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун намунаи сиёсати устувор – ИА Караван Инфо
 Тоҷикистон дар пешбурди дипломатияи глобалии муҳити зист: Қатъномаи UNEP оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун намунаи сиёсати устувор

Душанбе, 10 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешгоми байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар минтақаҳои кӯҳӣ дар ҷаласаи ҳафтуми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (UNEA-7) Қатъномаи муҳим қабул намуд. Ин иқдом на танҳо эътирофи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон аст, балки дар пешбурди дипломатияи экологӣ ва рушди «Рӯзномаи ҷаҳонии пиряхҳо» нақши калидӣ дорад.

Дар ҷаласаи UNEA-7, ки аз 8 то 12 декабри соли 2025 дар Найробӣ (Кения) баргузор гардид, Қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» бо дастгирии комили кишварҳои узв қабул шуд. Ин санад, ки нахустин ва ягона Қатъномаи UNEA бо муаллифияти Тоҷикистон мебошад, давлатҳоро ба андешидани тадбирҳои фаврӣ дар ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ даъват мекунад.

Қатънома натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе (майи 2025) ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намуда, ба санадҳои қаблии СММ, аз ҷумла эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025–2034)», такя мекунад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки тағйирёбии иқлим боиси гармшавии шадиди ҳаво, камшавии захираҳои обӣ ва афзоиши офатҳои табиӣ дар кишвар мегардад. Пешвои миллат гуфтанд, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аҳамияти байналмилалӣ доранд ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро барои ҳамоҳангсозии чораҳои глобалӣ муттаҳид месозанд.

Тоҷикистон солҳои охир 25 қонуни соҳавӣ ва якчанд санадҳои стратегии экологӣ қабул намуда, ба 11 конвенсияи байналмилалии экологӣ пайваст. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба 3,1 миллион гектар расида, 22%-и масоҳати кишварро ташкил медиҳанд, ки ин дар сатҳи минтақа ва ИДМ беназир мебошад.

Қатъномаи UNEA-7 на танҳо иродаи сиёсиро нишон медиҳад, балки барои ЮНЕП заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад, то масъалаҳои криосфераро ба Стратегияи миёнамуҳлат ва Барномаи кории худ ворид намояд. Тоҷикистон бо пешниҳоди 14 Қатъномаи СММ оид ба обу иқлим ва баргузории конфронсҳои сатҳи баланд дар Душанбе ҳамчун пойгоҳи дипломатияи экологӣ шинохта шудааст.

Ба ҷараёни татбиқи қатънома ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ, кишварҳои дар ҳоли рушд ва шарикони рушд тавсия шудааст. Барномаҳои нави минтақавӣ, аз ҷумла лоиҳаи «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» бо маблағи 3,5 миллиард доллар, ҳамкориро дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя тақвият медиҳанд.

Қатъномаи UNEA-7 ва фаъолияти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо нишон медиҳад, ки кишвар метавонад ба як модели байналмилалии ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ ва устувор табдил ёбад. Ин иқдом на танҳо ҳифзи муҳити зист, балки таъмини амнияти обӣ ва иқтисодиёти миллӣ, инчунин баланд бардоштани нуфузи дипломатӣ ва иқтисодии кишварро таъмин менамояд.

Баҳодур Шерализода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон, таъкид кард, ки иҷрои муқаррароти қатънома ва иштироки фаъоли Тоҷикистон дар UNEA-8 барои таҳкими мавқеи байналмилалӣ ва рушди илмҳои криосфера аҳамияти муҳим дорад.

Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА,Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: