Душанбе, 25 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. 24 ноябр дар пойтахт Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор шуд, ки ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон рост омад. Ин чорабинӣ таҳти унвони «Пешбурди ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт» доир гардида, ба майдони муҳими мубодилаи таҷриба, арзёбии таҳаввулот ва баррасии вазифаҳои минбаъдаи давлатӣ табдил ёфт.

Дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.
Дар сухани ифтитоҳӣ Дилрабо Мансурӣ, ки ҳамзамон раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, таъкид намуд, ки эҳтиром, риоя ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдак омили муҳими амнияти миллӣ, рушди ҷомеа ва ҳифзи генофонди кишвар мебошад.
Ин самт пайваста дар меҳвари сиёсати инсонгароёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз аввалин кишварҳои узви СММ буд, ки соли 1993 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонд. Имсол ба ин санади глобалӣ 32 сол пур шуд.
Ҳадафи асосии форум бозгӯйии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва баррасии роҳҳои бештар самаранок гардонидани ин раванд мебошад. Аз ҷумла:
- густариши чораҳои ҳимояи давлатии кӯдакон;
- пешгирии зӯроварӣ ва ҳар гуна муносибати бераҳмона нисбат ба ноболиғон;
- таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии кӯдак;
- баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аъзои мақомоти васояту парасторӣ ва комиссияҳои маҳаллӣ;
- таҳкими ҳамкорӣ байнисозмонӣ.
Муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода зикр кард, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати ҷумҳурӣ мебошад.
Тоҷикистон 26 октябри 1993 ҳамчун яке аз кишварҳои аввали ИДМ Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ намуд.
Бо мақсади татбиқи мустаҳками он, соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» қабул гардид. Соли 2016 бо қарори Ҳукумат, Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдор муайян шуд.
Аз соли 2019 дар сохтори вазорат Идораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфт, ки ба тавсеаи фаъолияти низоми ҳимоя дар тамоми сатҳҳо мусоидат намуд.
Дар форум таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак мунтазам ҳисоботҳои даврӣ пешниҳод мекунад. Бо дарназардошти тавсияҳо, Ҳукумат дар ҳамкорӣ бо вазоратҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақшаҳои миллии амалро таҳия ва татбиқ менамояд.
Назорати иҷрои ин нақшаҳо таҳти масъулияти Ҳукумат қарор дорад.
Зикр гардид, ки беш аз 41,4% аҳолии кишварро кӯдакон ва наврасон ташкил медиҳанд.
Ҳуқуқҳои онҳо тавассути Конститутсия, Қонуни «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.
Тоҷикистон ба қатори 67 кишвари ҷаҳон шомил аст, ки расман ҷазодиҳии ҷисмонии кӯдаконро манъ кардааст. Қонунгузории кишвар кӯдакро аз ҳама гуна шаклҳои бераҳмӣ ва зӯроварӣ муҳофизат менамояд.
Форуми сеюм нишон дод, ки Тоҷикистон пайваста низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро тақвият медиҳад — аз рушди қонунгузорӣ то ҳамкории байналмилалӣ. Дар шароити демографӣ ҷавон будани ҷомеа, ин кор бахше аз стратегияи дарозмуддати рушди миллӣ боқӣ мемонад.
ФОТО: АМИТ «ХОВАР»
