Тоҷикистон роҳбарии Шӯрои авиатсияи кишварҳои ИДМ-ро ба уҳда гирифт – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон роҳбарии Шӯрои авиатсияи кишварҳои ИДМ-ро ба уҳда гирифт

Душанбе, 06 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 1 январи соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба сифати раиси Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз ба фаъолият намуд. Дар ин бора Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (КБА) хабар додааст.

Тавре дар иттилоия зикр мегардад, Тоҷикистон ин ваколатро аз Федератсияи Россия қабул намуд, ки дар солҳои 2023–2025 раёсати Шӯрои мазкурро бар уҳда дошт. Мувофиқи тартиби амалкунанда, муҳлати раёсати Тоҷикистон дар Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии кишварҳои ИДМ се солро дар бар мегирад.

«Дар соли 2025 муҳлати раёсати Федератсияи Россия дар Шӯро ба анҷом расид ва тибқи қарорҳои қабулгардида, давлате, ки барои се соли оянда раёсати ин ниҳоди байнидавлатиро ба зимма мегирад, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад», — таъкид карданд дар Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, аз 1 январи соли 2026 роҳбарии Шӯро расман ба дӯши директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабибулло Назарзода вогузор мешавад. Ин қарор дар доираи ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, таъмини амнияти парвозҳо, рушди ҳамкориҳои техникӣ ва танзими истифодаи фазои ҳавоӣ қабул гардидааст.

Коршиносон бар он назаранд, ки раёсати Тоҷикистон дар ин ниҳоди муҳим на танҳо эътирофи нақши рӯзафзуни кишвар дар низоми авиатсияи минтақавӣ мебошад, балки ҳамчунин имкониятҳои навро барои пешбурди манфиатҳои миллӣ дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ фароҳам меорад. Ин мақом метавонад ба таҳкими ҳамкориҳои касбӣ, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва мутобиқсозии стандартҳои авиатсионии кишвар ба меъёрҳои муосир мусоидат намояд.

Дар шароите, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва васеъ намудани пайвастагии ҳавоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, роҳбарии Шӯро оид ба авиатсия метавонад барои фаъолгардонии равандҳои ислоҳотӣ, беҳтарсозии идоракунӣ ва боло бурдани сатҳи рақобатпазирии авиатсияи граждании кишвар заминаи устувор фароҳам оварад.

Интизор меравад, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои амнияти парвозҳо, рақамикунонии соҳа, рушди кадрҳои касбӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати авиатсионӣ дар фазои ИДМ равона карда шавад.

АКС: АМИТ «ХОВАР»

error: