Душанбе, 01 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Чунсини Чин 29 ноябр Ассамблеяи дуюми Умумии Иттиҳоди мероси Осиё ва ҷаласаи сеюми Шӯрои Иттиҳоди мероси фарҳангии Осиё баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён намояндагӣ намуд.

Дар анҷуманҳо намояндагони беш аз 30 кишвари Осиё иштирок карданд. Мавзӯъҳои муҳиме ба монанди ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди сайёҳӣ, дастгирии ҳунарҳои суннатӣ ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз нигоҳи коршиносон, чунин форумҳо дар шароити рушди робитаҳои гуманитарӣ дар Осиё ба густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи таҷриба мусоидат мекунанд.
Матлубахон Сатториён зимни суханронии худ таъкид кард, ки иштироки Тоҷикистон дар ин чорабиниҳо дорои аҳамияти стратегӣ мебошад:
«Барои Тоҷикистон, ки дорои захираи ғании мероси фарҳангист, чунин форумҳо имкони намоиши фарҳанги миллӣ, мубодилаи таҷрибаҳои муфид ва густариши ҳамкории байналмилалиро фароҳам меоранд. Фарҳанг танҳо ҳифзи таърих нест — он ягонагиву дӯстии мардумонро тақвият мебахшад».
Пеш аз оғози ҷаласаи расмӣ, вазир аз намоишгоҳи бахшида ба Ассамблея боздид намуд.
Дар ҷараёни сафар Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Ели мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо аз имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои зерин сухан гуфтанд:
- рушди санъат ва ҳунарҳои мардумӣ,
- мубодилаи фарҳангӣ ва таълимӣ,
- омодасозии мутахассисони ҷавони соҳа,
- татбиқи лоиҳаҳои муштараки фарҳангӣ ва баргузории фестивалҳо.
Дар натиҷаи мулоқот, Тоҷикистон ва Чин зарурати фаъол гардонидани мубодилаи мутахассисонро дар бахшҳои фарҳанг, санъат, ҳифзу нигоҳдории мероси таърихӣ, сайёҳӣ ва маориф таъкид намуданд.
Коршиносон мегӯянд, ки чунин ҳамкорӣ метавонад ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак суръат бахшида, робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишварро боз ҳам мустаҳкам созад.
АКС: Вазорати фарҳанги Тоҷикистон
