Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута баргузор гардид. Суҳбат ба масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар самти энергетика ва захираҳои об бахшида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳоро баррасӣ намуда, қадамҳои минбаъдаро муайян карданд.
Аз ҷумла, таъкид шуд ба:
- рушди энергетикаи «сабз», аз ҷумла истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, ки ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат мекунанд;
- баланд бардоштани иқтидори техникӣ, аз ҷумла дар самти мубодилаи таҷриба ва тайёр кардани мутахассисон.
Ин вохӯрӣ боз як далели возеҳи манфиатмандии ҳар ду кишвар ба густариши ҳамкории амалӣ ва тақвияти шарикии стратегии худ мебошад. Самтҳои умедбахши ҳамкорӣ барои навсозии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва идоракунии самараноки захираҳои об имкониятҳои нав фароҳам меоранд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон