Душанбе, 27 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Джамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Намояндагии Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имаем Сэйдзу баргузор гардид.

Мавзӯи асосии мулоқот идомаи ҳамкорӣ дар самти рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ буд, ки ҳамчун пояи устувори низоми тандурустӣ арзёбӣ мегардад. Ҷонибҳо аҳамияти ташаббусҳои амалишавандаро таъкид намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкории муштаракро густариш медиҳанд.
Диққати махсус ба татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар самтҳои афзалиятнок» равона гардид. Лоиҳа масъалаҳои пешгирӣ, ошкорсозии бармаҳал ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, беҳтар намудани назорати давраи ҳомиладорӣ, баланд бардоштани сатҳи ғизои аҳолӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаро фаро мегирад.
Айни ҳол лоиҳа дар чор шаҳр ва ноҳияи пилотӣ, инчунин дар ҳашт маркази тиббии деҳотӣ самаранок амалӣ шуда истодааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки усулҳои муосири ташкили кумаки аввалия санҷида шуда, дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар гарданд ва ҷанбаи пешгирикунандаи низом тақвият ёбад.
Рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад, зеро маҳз ин зина ташхиси барвақт, коҳиши сарборӣ ба муассисаҳои тахассусӣ ва ташаккули фарҳанги муносибати масъулона ба саломатиро таъмин менамояд.
Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
